Май 08, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Таъйини раиси шаҳри Хоруғ бо фармони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Таъйини раиси шаҳри Хоруғ бо фармони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Хоруғро таъйин кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз "Азия Плюс", Ризошод Назарзода пеш аз ин дар ин масъулият ба унвони сарпараст фаъолият мекард.

Назарзода то ноябри соли 2021 муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон буд.

Пеш аз ин Алишер Мирзонабот раиси шаҳри Хоруғ буд, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси вилояти Бадахшон таъйин шуд.

 

Барчасп