Камбуди мутахассис дар бахши моҳипарварии Тоҷикистон
(last modified Tue, 10 May 2022 07:17:21 GMT )
Май 10, 2022 12:17 Asia/Dushanbe
  • Камбуди мутахассис дар бахши моҳипарварии Тоҷикистон

Сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” аз камбуди 410 мутахассис дар 372 ширкати парвариши моҳӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Миралӣ Наимов, сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” мегӯяд, ки ҳарчанд истеҳсоли моҳи дар солҳои ахир дар кишвар зиёд шуда бошад ҳам, аммо барои таъмини аҳолии кишвар кифоя нест.

Ба гуфтаи вай, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли моҳӣ аз 2749,7 тоннаи соли 2019, соли сипаришуда ба беш аз 4389 тонна расид.

Вай гуфт, “Дар се моҳи аввали соли равон қариб 600 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Ҳарчанд нишондиҳандаҳо дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар бошанд ҳам, вале барои таъмини аҳолии кишвар кифоя нестанд”.

Наимов таъкид кард,“Муносибат ба рушди соҳа бояд аз назари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти баландсифати моҳӣ бошад ва ченаки фаъолияти мутахассисони соҳа низ ба талаботи рӯз мутобиқат намояд. Яъне, мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилиҳо зиёд буда, ба татбиқи барнома ва рушди соҳа монеъ мегарданд”.

Ҳамзамон сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” аз норасоии мутахассисон касбӣ шикоят кард.

Вай гуфт, ҳар сол факултаи зооинженерӣ, ихтисоси моҳипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро 15 - 25 донишҷӯ хатм кунад ҳам, аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд.