Камбуди 4 ҳазор парастор дар бахши беҳдошту дармони Тоҷикистон
(last modified Sun, 15 May 2022 07:18:36 GMT )
Май 15, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Камбуди 4 ҳазор парастор дар бахши беҳдошту дармони Тоҷикистон

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд дар ҳоли ҳозир 4 ҳазор парастор камбуд доранд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ,Фирдавс Рауфов муовини раиси Маркази омӯзиши парасторони Тоҷикистон гуфт : Марокизи беҳдоштӣ ва дармонии манотиқи дурдасти кишвар бештарин камбуди парасторро дорад .
Вай афзуд : Теъдоди зиёде аз донишомӯхтагони риштаи парасторӣ талош мекунанд, ки дар шаҳрҳо кор пайдо кунанд .

Ба далели камбуди кодри дармонӣ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфта буд таи 5 соли оянда бояд 60 ҳазор пизишк ва парастор аз марокизи омӯзишии ин кишвар фориғуттаҳсил шаванд .
Аммо коршиносон яке аз далоили камбуди кодри дармонӣ дар Тоҷикистонро поин будани маоши  ин афрод унвон мекунанд.
Маоши моҳонаи як парастор дар марокизи дармонии Тоҷикистон байни 600 то 1000 сомонӣ аст .