Май 17, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Киев бо муовини вазири хориҷаи Украина

дар дидори сафири Тоҷикистон дар Украина бо муовини вазири хориҷаи ин кишвар бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид шуд.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 13 майи соли 2022 дар Киев вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Украина, Давлаталӣ Назризода бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин  робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришуда мусбат арзёбӣ шуданд.

Барчасп