Май 23, 2022 09:03 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани масири шимол ба маркази Тоҷикистон бар асари резиши кӯҳ

Ширкати Хадамоти роҳдории масири шимол ба маркази Тоҷикистон аз баста шудани дубораи ин роҳ барои ҳаракати мусофирону васоили нақлиёт хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар баёнияи ин ширкат таъкид шудааст, ки бар асари резиши кӯҳ дар километри 153 масири Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат дар ин роҳ қатъ шудааст.

Як рӯз қабл ширкати ёдшуда эълом карда буд, ки масири шимол ба маркази Тоҷикистон, ки дар пайи ҷорӣ шудани сел масдуд шуда буд, бозкушоӣ шуда ва танҳо ҳаракати мошинҳои сабукрав имконпазир мебошад ва ронандагони комюнҳо аз тараддуд дар ин роҳ худдорӣ кунанд.

Роҳи Душанбе ба Хуҷанд танҳо масири заминии иртиботӣ миёни шимолу маркази Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

 

Барчасп