Май 27, 2022 19:13 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Тоҷирони эронӣ бо шинохти кофӣ вориди бозори Тоҷикистон шаванд

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, тоҷирони эронӣ бо диққату шинохти кофӣ вориди бозори Тоҷикистон шаванд.

Ба гузориши “Меҳр”, субҳи ҷумъа раиси Утоқи бозаргонии Гелон ва Утоқи муштараки Эрону Русия бо сафири Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Яке аз мавзуоти муҳиме, ки дар ин нишаст мавриди гуфтугӯ қарор гирифт, лузуми барқарории парвози Теҳрон - Душанбе барои осонсозӣ дар мубодилоти тиҷорӣ будааст.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯсту бародари мост ва дар ҳоли ҳозир дар ҳоли беҳбудии равобит бо ин кишвар ҳастем ва эътиқод дорем, ки дар ояндаи наздик шоҳиди иртиқои равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем буд.

Муҳаммадтақии Собирӣ бо баёни ин ки шароит дар солҳои ахир дар Тоҷикистон фарқ кардаву ширкатҳои хориҷӣ дар ин ҷо фаъолият доранд ва бо ҳам дар рақобат ҳастанд, идома дод: Тоҷирони эронӣ барои ҳамкорӣ бо тарафи тоҷикӣ бояд бо шинохти бештаре вориди бозори Тоҷикистон шаванд.

Сафири Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, туҷҷори эронӣ бояд қарордодҳои муҳкаме бо тарафи тоҷик бубанданд ва дар бастани қарордод диққати лозимро ба амал оваранд.

Вай бо ишора ба ин ки туҷҷор дар сурати лузум бо Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе машварат кунанд, афзуд: Барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст тазминҳои лозим барои амнияти сармоягузорӣ аз тарафи муқобил гирифта шавад.

Раиси Утоқи бозаргонии Гелон ҳадаф аз ин сафарро ширкат дар ҳамоиши бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Утоқи бозаргонии вилояти Хатлон ва ошноӣ бо тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кард.

Ҳодии Тезҳӯштобон бо ишора ба сахтиҳои сафар ба Тоҷикистон барои шаҳрвандони эронӣ таъкид кард, барқарории парвози мустақими Теҳрон - Душанбе лозим ва зарурӣ аст.

Қосими Ризоиён, раиси Иттиҳодияи содиркунандагону бозаргонони Гелон бо ишора ба тавлиди чой дар устон гуфт, 18 соли пеш мо дар ин ҷо бо ҳамтоёни тоҷик тавлиди муштараки чой доштем. Чойро ба унвони маводи аввалия аз Эрон ба Тоҷикистон ворид мекардем ва дар ин ҷо бо бренди тоҷикӣ бастабандӣ мекардем ва ба бозор арза мекардем.

Қосими Ризоиён бо баёни ин ки корҳои муштараки зиёде бо тарафи тоҷик анҷом додаем, изофа кард: тоҷикҳо толиби чойи эронӣ ҳастанд.

Вай идома дод, қарор аст ҳамтоёни тоҷик ба Эрон биёянд ва бо имконоти ҷадиди мо ошно шуда ва сипас бо онҳо вориди музокираи ҷиддӣ барои содироти муҷаддади чойи эронӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шавем.

 

Барчасп