Июн 03, 2022 19:18 Asia/Dushanbe
  • Аввалин гуруҳи зоирони тоҷик 20 июн озими Сарзамини ваҳй мешаванд

Бинобар эъломи маркази матбуотии Кумитаи умури дини Тоҷикистон сафари аввалин гуруҳи зоирони тоҷик ба Сарзамини ваҳй 20 июн аст.

Бинобар суханони Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон, сафари аввалин гуруҳи зоирони тоҷик ба сарзамини ваҳй 20 июн ва бозгашти онҳо дар 17 июл пешбинӣ шудааст.

Ҳазинаи ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2022 мелодӣ 61 ҳазор сомонӣ муодили 5350 доллар таъйин шуда, ки 25 ҳазор сомонӣ бештар аз соли 2019 мелодӣ эълом шуд.

Дар соли 2019 ҳазинаи ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 35 ҳазор сомонӣ муодили 3 ҳазору 750 доллар (ба нархи арзи он замон) буд.

Муқим афзоиши қиматҳоро бо афзоиши нархи теъдоде аз хадамот муртабит донист, ки дар Арабистони Саудӣ ироа мешаванд.

Вай гуфт, ки гарчӣ дар гузашта барои ҳар зоир қимати 236 доллар барои хадамот дар Мино ва Арафот пешбинӣ шуда буд, аммо имсол мизони ин ҳазинаро ба ҳазору 424 доллар афзоиш додаанд.

Сухангӯи Кумитаи умури дин идома дод, илова бар ин, қимати сӯхт ва хадамоти ҳамлунақл низ афзоиш дошта, ки низ бар ҳазинаи сафар таъсири худро гузоштааст.

Тибқи суханони вай, имсол барои зоирони Тоҷикистон 3 ҳазору 562 саҳмия тахсис шудааст.

Ҳазинаи ҳаҷи имсол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо, аз ҷумла Узбакистон афзоиш ва то 5 ҳазору 650 доллар, Русия ҳудуди 6 ҳазор доллар, Қазоқистон  6. 5 ҳазор доллар ва Қирғизистон ҳудуди 4. 5 ҳазор доллар расидааст.

 

Барчасп