Июн 13, 2022 15:57 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти корхонаи тавлидии семент дар ноҳияи Айнӣ
    Оғози сохти корхонаи тавлидии семент дар ноҳияи Айнӣ

Сохти корхонаи тавлидии семент дар ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Тоҷикистон ин корхона қарор аст дар муддати 26 моҳ баҳрабардори шавад.

Зарфияти тавлиди корхона 100 ҳазор тонна семент дар сол аст.

Корхонаро ширкатҳои вобаста ба Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон месозад ва пас аз оғоз ба кор барои 120 нафар сокинони ноҳияи Айнӣ шуғл эҷод мешавад.

Дар Тоҷикистон 16 ширкати тавлидии семент бо зарфияти тавлиди 4 миллиону 700 ҳазор тонна семент фаъол аст.

Соли 2021 ҳудуди 4 миллиону 400 тонна семент дар Тоҷикистон тавлид шуд.

 

Барчасп