Июл 01, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Алоқаи Туркия ба эҷоди шуъбаи бонкӣ дар Тоҷикистон

Сафири Туркия дар Душанбе дар дидор бо раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, Анкара нисбат ба эҷоди дафтарҳои бонкӣ дар Тоҷикистон алоқаманд аст.

Дар дидори Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо Эмре Закӣ Карагёл, сафири Туркия, тавсеаи ҳамкориҳои бонкӣ миёни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар хусуси вазъияти иқтисодӣ ва системаи бонкдории кишвараш итилоъ дод ва бар зарурати иҷрои ёддошти ёздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, ки дар он ба таҳкими равобити бонкӣ ба унвони осонкунандаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ишора шудааст, таъкид кард.

Холиқзода ва Карагёл дар хусуси густариши ҳамкориҳои бонкӣ миёни Тоҷикистону Туркия, ба вижа бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ҳамчунин тақвияти таомулот байни бонкҳои тиҷорӣ ва бонкдории исломии ду кишвар табодули назар карданд.

Ду тараф мавзуи имкони ифтитоҳи дафотири намояндагии бонкҳои тиҷории Туркия дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Туркия бо ибрози алоқамандии кишвараш нисбат ба ин мавзуъ, густариши ҳамкориҳои бонкиро заминасози тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷорӣ ва гардишгарӣ донист.

 

Барчасп