Талошҳои Душанбе ба бозгардондани шаҳрвандони тоҷик аз урдӯгоҳҳои Сурия
Сафири Тоҷикистолни муқими Кувайт дар дидор бо мақомоти сурӣ дар хусусӣ бозагрдондани шаҳрвандони тоҷик аз урдӯгоҳҳои ин кишвар гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Зубайдуллоҳи Зубайдзода сафири Тоҷикистони муқими Кувайт зимни дидор бо мақомоти сурӣ дар хусусӣ бозгардондани шаҳрвандони тоҷик аз урдӯгоҳҳои ин кишвар гуфтугӯ кард.
Бинобар иттилоияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидор Зубайдзода бо Алии Мамлук муовини амнияти раиси Ҷумҳӯр ва раис Дафтари амнияти милли Сурия масоили марбут ба ҳамкориҳои амниятии дукишвар ва бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдӯгоҳҳои Сурия ба кишварашон мавриди барраси қарор гирифт.
Ҳамчунин сафири Тоҷикистон ва раис Дафтари амнияти миллии Сурия дар хусусӣ вазъияти Ховармиёна дабодули назар карданд.
Ин дипламати тоҷик бо Башор Ҷаъфарӣ муовини аввали вазири умури хориҷаи Сурия низ дар хусусӣ густариши ҳамкорриҳои дуҷониба дар заминаҳои мавриди алоқа, вазъияти Ховармиёна ва ҳамчунин бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳҳои Сурия ба кишварашон гуфтугӯ кард.