Афзоиши 3 баробарии содироти маҳсул аз Тоҷикистон ба устони Свердловски Русия
Август 25, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон қасд дорад содироти маҳсулоти худро ба устони Свердловски Русия се баробар афзоиш диҳад.
Ба гузориши Садои Хуросон, Яқубҷон Умаров муовини аввали Шӯрои машваратии сарконсулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар инбора гуфт: Тоҷикистон қасд дорад то соли 2023 содироти маҳсулоти худро ба минтақаи Свердловски Русия се баробар афзоиш диҳад.
Пеш аз ин низ ҳайати Тоҷикистон ба раёсатии мудири ожонси содироти Тоҷикистон аз Екатеринбург дидан карда буд.
Дар ин сафар пешнависи қарордоди содироти мева ва тарабори устони Хатлон ба Русия мунақид шуд.
Барчасп