Имзои ёддошти ҳамкорӣ байни мақомоти мубориза зидди фасоди Тоҷикистон ва Фаластин
(last modified Fri, 26 Aug 2022 15:43:00 GMT )
Август 26, 2022 20:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин дар амри мубориза бо фасод
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин дар амри мубориза бо фасод

Агентии давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо ҳамтоёни фаластинии худ хабар дод.

Ба гузориши «Форс», ин санад тавассути Салмон Султонзода, раиси Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва Ройд Муҳаммад Ризвон, раиси Комиссияи мубориза бо фасоди Фаластин ва раиси ҳайати ин кишвар, ки бо сафари расмӣ вориди Душанбе шудааст, имзо шуд.

Ниҳоди мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳадаф аз имзои ин ёддошти тафоҳуми ҳамкориро шиносоӣ ва нукоти таомул байни ду тараф ва ҳамоҳангии фаъолиятҳои муштарак унвон кардааст.

Ин санад ҳамчунин табодули таҷрибаҳои илмӣ ва амалӣ байни мақомоти мубориза бо фасоди Тоҷикистону Фаластинро пешбинӣ мекунад.