Август 31, 2022 21:26 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз муҷассамаи Рӯдакӣ дар Самарқанд
    Рӯнамоӣ аз муҷассамаи Рӯдакӣ дар Самарқанд

Муҷассамаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, машҳур ба “устоди шоирон” ва нахустин шоири машҳури порсисарой дар шаҳри Самарқанд, дар Узбакистон имрӯз - чаҳоршанбе гузошта шуд.

Ба гузориши “Эрон- онлайн”,  тандиси Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Самарқанд имрӯз - чаҳоршанбе гузошта шуд.

Ба нақл аз расонаҳои маҳаллии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, дар маросими рӯнамоӣ аз муҷассамаи Рӯдакӣ, ки ҷамъе аз шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбакистон ҳузур доштанд, дар майдон ва хиёбоне ба исми Рӯдакӣ пайкараи ин шоири шинохташуда ва номии порсизабонон дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Узбакистон, гузошта шуд.

Рӯзномаи маҳаллии «Садои Самарқанд» дар ин бора бо интишори аксҳое аз маросими рӯнамоии тандиси Рӯдакӣ навишт: Насби тандиси Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Самарқанд дар ҳолест, ки дар баҳманмоҳ (феврал)-и соли ҷорӣ теъдоде аз фарҳангиёну адибони Узбакистону Тоҷикистон нисбат ба бардоштани муҷассамаи Рӯдакӣ аз Самарқанд дар 13 соли пеш ибрози нигаронӣ карда ва аз масъулони ин кишвар дархост карданд, муҷассамаи Рӯдакӣ дар Самарқанд мараммат ва эҳё шавад.

Давлати Узбакистон низ ба дархости фарҳангиёну алоқамандони адабу шаҳри порсӣ посух дод ва ба ибтикори раиси минтақа ва раиси шаҳри Самарқанд майдон ва хиёбоне ба номи устод Рӯдакӣ ихтисос дод, ки  муҷассамаи ҷадид низ дар он ҷо гузошта шуд.

Муҷассамаи ҷадиди Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар муқоиса бо муҷассамаи нимтанаву қадимӣ аз назари муҳтавову форм ҷомеътар, зеботар ва бузургтар аст.

Марти 1996 (сеюм фарвардини 1375) муҷассамаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар майдони Регистони Самарқанд гузошта шуд, аммо дар соли 2009 ба далели бозсозӣ тахриб шуд. Акнун муҷассамаи ҷадиде аз Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар хиёбони Рӯдакӣ насб шуда, ки дар он парке низ сохта шудааст.

Устод Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бин Муҳаммад, бин Одам, мутахаллис ба Рӯдакӣ, шоири машҳури порсисарои форсу тоҷик дар давраи Сомонӣ дар садаи чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ зиндагӣ кардааст.

Устод Рӯдакӣ дар рустое ба номи Панҷрӯдак (дар ҳудуди Панҷакент дар Тоҷикистони имрӯзӣ), дар дар наздикии Нахшабу Самарқанд ба дунё омадааст.

Рӯдакиро падари шеър порсӣ медонанд, ба ин далел, ки то пеш аз вай касе девони шеър надоштааст. Ричард Фрай ақида дорад, ки Рӯдакӣ дар тағйири хат аз хати паҳлавӣ ба хати форсӣ нақш доштааст. Аз тамоми осори Рӯдакӣ ки гуфта мешавад беш аз як миллиону 300 ҳазор байт ва низ шаш маснавӣ буда, фақат абёте пароканда ба ҳамроҳи чанд қасида, ғазал ва рубоӣ боқӣ мондааст. Теъдоди абёти боқимонда аз Рӯдакиро 1047 байт гузориш мекунанд.

 

Барчасп