Маранди: Бо вуҷуди фишорҳои Амрико ҳамчунон дастёбии ба тавофуқ наздик аст
Мушовири тими музокиракунандаи ҳастаӣ Эрон дар музокироти лағви таҳримҳо дар бораи тозатарин таҳавулоти марбут ба ин музокирот гуфт бо вуҷуди фишорҳои Амрико ҳамчунон дастёби ба тавофуқ наздик аст.
Дар даври ҷадиди музокироти Вена бо меҳварияти рафъи таҳримҳои зидди эрон, ки дар рӯзҳои чаҳорум то ҳаштуми августи соли 2022 баргузор шуд чанд пешниҳод аз сӯи Энрике Мора ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо матраҳ шуд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон 15 август посухи макутби худ дар бораи матни пешниҳодии Аврупо, ки дар он масири аз саргирии иҷорои комили БарҶом баён шуда аст ироа ва эълом кард, агар вокуниши Амрико бо воқеъбини ва инъитоф ҳамроҳ бошад тавофуқ ҳосил хоҳад шуд.
Амрико ҳам дар 24 август назари худ дар ин бора ба Иттиҳодияи Аврупо ироа кард.
2 сентябр низ Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз ирсоли назари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди посухи Амрико дар бораи матни пешнавис тавофуқи эҳтимолии рафъи таҳримҳои ахир хабар доду гуфт, матни ирсоли дорои руйкарди созанда бо ҳадафи ниҳоӣ кардани музокирот аст.
Соати баъд аз ирсоли посухи Эрон ба Энрике Мора, Ведонт Потел, муъовини сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико бо талош барои андохтани туп дар замини Эрон муддаи шуд, ки посухи Теҳрон созанда набуд.
Михаил Улянов намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ дар вокуниш ба баҳонатароши амрикоиҳо дар ҳисоби корбарии худ дар твиттер навишт ба воқеъ ва ҳиҷ мавриди дар посухи Эрон вуҷуд надорад, ки битавонад монеъи ҷидди бар сари расидан ба тавофуқ бошад ва ҳосили натиҷа дар музокироти Вена мунҳасиран ба хостори сиёсии кишварҳои ширкаткунанда бастагӣ дорад.
Муҳаммадри Марандӣ мушовири тими музокиракунандаи ҳастаӣ Эрон дар музокироти лағви таҳримҳо дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Алҷазира изҳор кард, бари ҳосили тавофуқ Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико бояд дар бораи ҳаллуфасли масоили ва мавзуъоти боқимондаи марбут ба музокирот тасмимигири кунад.
Маранди таъкид кар Эрон нигарони нишасти Шӯрои ҳуккоми ожонси байнламилллии энержи атомӣ дар бораи барномаи ҳастаӣ Эрон ва натиҷаҳои он нест.
Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо таъкид карда аст, ки лозимаи расидан ба тавофуқ бояд пойдор будан ба рафъи таҳримҳо ба наҳви тазминшуда бошад ва ин ки мавзуъе набояд ба унвони василаи фишон ҷиҳати истифода зидди Эрон дар оянда боқи бимонад.
Бештар бихонед: