Сентябр 22, 2022 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсии мақомоти Тоҷикистону Гурҷистон

Мақомоти Тоҷикистону Гурҷистон дар бораи масоили сиёсӣ, ройзанӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, 1 сентябр дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Александр Хвтисиашвили машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

Ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд. Ҳамзамон перомуни масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкори муфассал сурат гирифт.

Тавофуқ ҳосил гардид, ки бо талошҳои муштараки мақомоти корҳои хориҷӣ ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Гурҷистон такони нав бахшида хоҳад шуд.

 

Барчасп