Афзоши муваффақияти донишомӯзони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ
Муваффақияти донишомӯзони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои илмии байналмилалӣ дар 9 моҳи имсол афзош ёфтааст.
Ба гузориши сомонаи Спутник, 9 моҳи аввали соли 2022 беш аз 5,7 ҳазор хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок кардаанд.
Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни ҷаласаи Шӯрои мушовараи ниҳоди тобеяш иттилоъ додаст.
Таъкид шудаст, ки хонандаҳо дар 27 олимпиадаи фаннии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намудаанд.
Вазир аз касби 1585 медол тавассути муаллимони тоҷк хабар дод.
Вай гуфт, аз ин теъдод 259 медоли тилло, 593 медоли нуқра ва 733 медоли брунз буд.
Саидзода изҳор кард, теъдоди донишомӯзони медоловари тоҷик нисбат ба соли гузашта 938 нафар афзош ёфтааст.
Вазир афзуд, 24 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ низ баргузор шуд, ки 13 олимпиада дар риштаҳои таббӣ - риёзӣ ва 11 олимпиада дар риштаҳои улӯми иҷтимоӣ- инсон баргузор буд.