Октябр 17, 2022 12:09 Asia/Dushanbe
  • Дархости 10.5 сол зиндон барои Далери Эмомалӣ

Додситон барои Далери Эмомалӣ-рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 10.5 сол зиндон дархост кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар хусӯси вокуниши Далери Эмомалӣ ба дархости додситон итилоъе фош нашудааст .
Муҳокимаи ин рӯзноманигор дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз шуд .
Додраси парвандаи ҳам Даврон Назарзода- додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмакнсур буд.
Далери Эмомалӣ 15 - июни соли ҷорӣ дар роҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе мунтақил шуд .
Ӯ бар асоси моддаи 259 ,банди 1 ( тиҷорати ғайриқонунӣ ) моддаи 346, банди 1 ( интишори барқасдонаи ахбори дуруғ ) ва моддаи 307, қисми 2, банди 3 ( ширкат дар созмонҳои ифроти )-и Қонуни ҷазоии Тоҷикистон боздошт шудааст.
 

 

Барчасп