Октябр 21, 2022 21:56 Asia/Dushanbe
  • Равобити дуҷониба ва вазъияти минтақа меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Олмон

Дар дидори сафири Тоҷикистон бо намояндаи баландпояи вазорати умури хориҷаи Олмон дар мавриди тавсеаи равобити дуҷониба ва масоили Осиёи Марказӣ баҳсу гуфтугӯ шуд.

Ба гузориши Форс, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон бо Маттиас Люттенберг, намояндаи вазорати умури хориҷаи Олмон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дидор кард.

Ду тараф дар хусӯси вазъияти кунӯнӣ ва тавсеаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва амниятӣ байни Тоҷикистон ва Олмон гуфтугу карданд.

Сатторов ва Люттенберг ҳамчунин перомуни масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи дипломати баландпояи олмониро ба таҳаввулоти Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла танишҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷалб кард ва изҳор дошт, ки кишвараш тарафдори ҳаллу фасли ин масаъла аз тариқи музокирот ва равишҳои диплуматӣ буда ва чунин як мавзеъи собит хоҳад дошт.

 

Барчасп