Таъкиди вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон бар мухобираи паёми дӯстӣ аз сӯи асҳоби расонаии Эрону Тоҷикистон
(last modified 2022-11-01T07:29:41+00:00 )
Ноябр 01, 2022 12:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон бар мухобираи паёми дӯстӣ аз сӯи асҳоби расонаии Эрону Тоҷикистон

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон бо баёни ин ки барпоии ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон гоми муҳимме барои тавсеаи равобити фарҳангии ду кишвар аст, гуфт : Асҳоб(аҳл)и фарҳангу ҳунари ду кишвар мебоист паёми дӯстӣ ва хешовандии фарҳангии худро ба ду миллати бузурги Эрон ва Тоҷикистон бирасонанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ шомгоҳи душанбе дар ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар Театри опера ва балети пойтахти Тоҷикистон гуфт : Барпоии ҳафтаи фарҳангии Эрон дар кишвари Тоҷикистон фурсати муносиб барои ҳамдилӣ ва ҳамнавоии бештари ду миллат ба шумор меравад.
Исмоъилӣ идома дод : Деринагии равобиту пайвастагии фарҳангии Эрону Тоҷикистон мӯҷиб шуда то ду миллат бо убур аз ҳамаи фарозу нишебҳо ин пайвастагиро, ки реша дар қалбҳо дорад то ба имрӯз ҳифз кунанд .
Вай афзуд : Ин пайвастагии фарҳангиро ниёкони мо бидуни имконоте, ки мо имрӯз аз он баҳра мандем бо дастони холӣ ба зебоӣ ҳифз кардаанд ва мо имрӯз бо дар ихтиёр доштани имконоти фаровон бояд ин масирро бо вусъату суръати бештаре тай кунем .
Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон изҳор дошт : Мо ду миллати ҳамзабон, ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамсарнавишт ҳастем, ки дар иқлими фарҳангии муштарак зист мекунем . Ҳар иттифоқе ,ки дар тавсеаи фарҳангии ду кишвар падид ояд ба тавсеаи фарҳанги муштарак мунҷар мешавад .
Вай хотирнишон кард : Раҳбари азимушшаъни инқилоби исломӣ дар дидоре, ки 4 моҳи пеш бо оқои Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри муҳтарами Тоҷикистон доштанд бо ишора ба иштирокоти амиқи торихӣ, динӣ ва фарҳангиву забонии Эрону Тоҷикистон ду кишварро ҳамчун хешованду бародар хонданд . Зеро адабиёти муштараки мо, ки саршор аз маънавият ва сулҳ аст на танҳо иштироки андеша, ки иштирок дар забону баён ва гӯнаҳо ибрози эҳсосоту авотифро дар вуҷӯди мо ба вадиъа гузорда, балки тавониста моро аз даричаи ҳамзабонӣ ба биҳишти ҳамдилӣ бирасонад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп