Ҷашнвораи филми Тоҷикистон дар Куала Лумпур баргузор шуд
Дар таърихи 28 октиябр ба ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия бо ҳамкории муассисаи давлатии "Тоҷикфилм ва Golden Screen Cinemas" дар шаҳри Куала Лумпур ба муносибати сиюмин солгарди 16-умин иҷлоси шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди барқарории равобити дипломотики байни Тоҷикистон ва Малайзия ҷашнвораи филми Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба гузориши Ховар дар маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвора намояндагони органҳои расмии Малайзия, дастгоҳҳои дипломоси дар шаҳри Куала Лумпур расонаҳои гуруҳи, маҳфилҳои тиҷорӣ, коркунони илмӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷики муқими Малайзия ҳузур доштанд.
Ҳамзамон дар ин маросим асбоби мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, саноати дасти, тасвирҳои маконҳои таърихии Тоҷикистон, ғизоҳои миллӣ ва маворди гардишгарӣ ба намоиш гузошта шуд.