Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ
(last modified Sat, 26 Nov 2022 14:31:16 GMT )
Ноябр 26, 2022 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат кард.

Раёсати ҳайати Тоҷикистонро Шабнам Раҳимзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бар ӯҳда дошт.

Дар ин ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон ширкат доштанд.

Дар ин нишаст дар бораи ҳамкории байналмилалии ҷавонон барои солҳои 2021 - 2030 баҳсу баррасӣ ва гузорише аз сӯи ширкаткунандагон ироа шуд.

Ҳамчунин барномаи иқдом барои соли 2023 дар ҷаласаи Шӯрои умӯри ҷавонони кишварҳои узви ИДМ тасвиб шуд.