Нойиби раиси Федерасиюни футболи Тоҷикистон : Русия дар байни тимҳои бартари Осиё қарор хоҳад гирифт
(last modified 2022-12-31T06:32:20+00:00 )
Декабр 31, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Нойиби раиси Федерасиюни футболи Тоҷикистон : Русия дар байни тимҳои бартари Осиё қарор хоҳад гирифт

Нойиби раиси Федерасиюни футболи Тоҷикистон муътақидаст Русия дар сурати пайвастан ба Конфедерасиюни футболи Осиё ( AFC ) дар ҷамъи тимҳои бартари ин қорра қарор мегирад .

Алишер Урунов ба шабакаи телевизиюнии MATCH TV Русия гуфт : Русия тиме аст, ки дар ҷамъи тимҳои бартари қорраи Осиё қарор мегирад . Ин мавзӯъ ғайри қобили инкор аст ва рақобати байни тимҳои миллӣ ва мусобиқоти бошгоҳии Осиё афзоиш хоҳад ёфт. Барои тимҳои бартари Осиё як рақиби дигар вуҷуд хоҳад дошт.
Дар поёни моҳи феврал УЭФА, Федерасиюни ҷаҳонии футбол ( ФИФА ) тимҳои миллӣ ва бошгоҳҳои русиро аз ширкат дар мусобиқоти худ ба далели вазъияти Украина маҳрум карданд .
Тасмим дар мавриди интиқоли эҳтимолии Иттиҳодияи футболи Русия ( RFU ) аз Иттиҳодияи футболи Аврупо ( УЭФА) ба AFC бояд қабл аз 31 декабри 2022 эълом шавад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп