Баргузории размоиши зиддитеррористии воҳидҳои вижаи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории размоиши зиддитеррористии воҳидҳои вижаи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар яке аз пойгоҳҳои низомии вилояти Хатлон хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар пойгоҳи « Фахробод » тамриноти муштараки зиддитеррористии воҳидҳои вижаи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ، баргузор шуд .
Вазорати дифои Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки ин тамринот дар чорчӯби стротежики мубориза бо ифротгароӣ ва тероризм дар ин кишвар барои солҳои 2021 - 2025 дар се марҳила анҷом шуд .
Ҳадаф аз ин размоишҳо умдатан ҳаллу фасли вазъияти буҳронӣ ё таҳти контрол гирифтани назми умумӣ тавассути созмонҳои иҷроӣ, анҷоми амалиёти вижаи муштарак, интиқоли воҳидҳои аслӣ ва ҳамчунин таъқибу нобудии ташкилоту гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонӯнӣ ба шумор меравад .
Дар ин тамринот, ки таи он равишҳои муборизаи зиддитеррористӣ таҷриба ва тамрин шуданд аз неруи инсонӣ, худравҳои зиреҳӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва соири силоҳҳои модерн истифода шуд