Январ 22, 2023 18:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти коргурӯҳҳои топографии ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе

Нишасти коргурӯҳҳои топографии ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор шуд.

Дар таърихи 13 то 20 январ нишасти коргурӯҳҳои топографии ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди таъйини ҳудӯд ва марзбандии марзҳои давлатӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Дар натиҷаи ин нишаст, протоколи марбӯта имзо шуд. Ин дидор дар фазои дӯстӣ ва тафоҳуми мутақобил баргузор шуд.

Нишасти навбатии тарафайн дар ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп