Январ 23, 2023 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳузӯри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллали Шаҳрҳои сабз
    Ҳузӯри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллали Шаҳрҳои сабз

Тоҷикистон дар намоишогҳои байналмиллалии Шаҳрҳои сабз “Kahramanmaraş EXPO 2023” ширкат мекунад.

Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии Шаҳрҳои Сабз “Kahramanmaraş EXPO 2023” ки аз 23-уми апрел то 31-уми октябри соли 2023 дар минтақаи Onikishubat Туркия баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ҳоли ҳозир Ҳайдар Раҷабов, ноиби раиси  утоқи бозаргонӣ ва саноъеи Ҷумҳӯрии  Тоҷикистон ва Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноъеи вилояти Суғди Тоҷикистон ба манзури пайгирии  мавзӯъ дар шаҳристони Қаҳраманмарашт Туркия ба сар мебаранд то дар хусуси ширкати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии Шаҳрҳои Сабз  “Kahramanmaraş EXPO 2023” бо муқаддимоти баргузории намоишгоҳи EXPO2023  ошно шаванд.

Намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноъеи Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар таърихӣ 18-уми январ аз майдони “Kahramanmaraş EXPO 2023”  дар Туркия боздид карданд ва бо раванди кории сохту соз дар ғурфаи Ҷумҳӯрии тоҷикистон ошно шаванд.

 

Барчасп