Январ 25, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • “Сомон Эйр” тасмим гирифт ҳавопаймои L - 410 аз ширкати «Omnipol» бихарад
    “Сомон Эйр” тасмим гирифт ҳавопаймои L - 410 аз ширкати «Omnipol» бихарад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ҳавопаймо мехарад.

Мудирони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим гирифтанд ҳавопаймои L - 410 аз ширкати «Omnipol» бихаранд.

Музокироте ҳам байни мудирони “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии «Omnipol» -и ҷумҳурии Чехия анҷом шуд.

Тайи он намояндагони ширкати “Omnipol”, ки молики саноеи ҳавопаймосозии L – 410 аст, ҳавопаймоҳои NG ва UVP - E20-ро барои фурӯш ба масъулони “Сомон Эйр” муаррифӣ карданд.

Ин ҳавопаймо барои хутути ҳавоии тиҷорӣ тарроҳӣ шудааст ва илова бар ҳамлу нақли мусофир, метавон аз он барои ҳамли бор низ истифода кард.

 

Барчасп