Барқарории парвозҳои масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе пас аз се сол
Феврал 01, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
Аз 8 феврали соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймои Сомон Эйр парвозҳои худро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе пас аз се сол барқарор менамояд.
Ба гузориши Ховар, Абдулқосим Валиев мудири ширкати ҳавопаймои Сомон Эйр имруз дар нишасти хабар дар Душанбе гуфт: Парвозҳо аз пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Урумчии Вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешаванд.
Лозим ба зикр аст, ки парвозҳои Душанбе-Урумчӣ ба далели густариши бемории Ковид-19 ва эъломи ҳамагири аз суи созмони беҳдошти ҷаҳони аз марти соли 2020 ба ҳолати таълиқ даромада буд.
Барчасп