Феврал 05, 2023 20:57 Asia/Dushanbe
  • Фиристодани довари футбол аз Эрон ба Тоҷикистон барои иҷозатномаи VAR

Ба гуфта Маҳдии Тоҷ, раиси Федератсияи футболи Эрон, қарор аст, яке аз доварони Лигаи бартари футболи Эрон, барои такмили мароҳил гирифтани иҷозатномаи VAR озими Тоҷикистон шавад.

Ба гузориши ИСНА, Маҳдии Тоҷ,  раиси Федератсияи футбол ба тозагӣ ва дар гуфтугуе эълом кард, ки як довари эронӣ, ки бояд ба рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё биравад ба Тоҷикистон хоҳад рафт то дар давраҳои омӯзишии ФИФА ширкат кунад ва Эрон  саҳмияашро дар доварии Ҷоми миллатҳои Осия аз даст надиҳад.

Шавоҳид ва пайгирии расонаҳои Эрон нишон медиҳад, ки Мавъуди Бунёдифар, довари Лигаи бартари футболи Эрон озими Тоҷикистон хоҳад шуд.

 

Барчасп