Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муъовини раиси гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ
Феврал 07, 2023 18:12 Asia/Dushanbe
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доктор Мансур Мухтор муъовини раиси гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ дар умури амалиёт дидору гуфтугу кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози ризоят аз сатҳи ҳамкориҳои муфид бо Бонки Рушди Исломӣ саҳми ин бонкро дар иҷрои тарҳҳо бо ҳадафи рушди иқтсиодӣ ва иҷтимоъӣ Тоҷикистон баланд арзёби кард.
Дар ин дидор тарафайн дар мавриди иҷрои тарҳҳои сармоягузори дар заминаҳои омузишӣ, беҳдоштӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, обёри ва дигар нақшаҳои авлавиятдори иқтисдоӣ ва иҷтимоъӣ Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.