Феврал 28, 2023 13:38 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи зилзилаи 5 рихтерӣ дар Бадахшони Тоҷикистон

Субҳи имрӯз зилзилае ба бузургии 5 рихтер дар дар умқи 10 километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон рух дод .

Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ итилоъе дар мавриди талафоти ҷонӣ ё хисороти молӣ бар асари ин зилзила мунташир нашудааст .
Гуфтанӣ аст, ки субҳи рӯзи гузашта низ соъати 8 : 00 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон зилзила рух дод, ки маркази он дар минтақаи кӯҳистони Бадахшон буд .
Бар асоси гузориши Муассисаи заминшиносӣ ва ларзанигории Академияи улӯми Тоҷикистон, маркази ин зилзила дар 370 километрии ҷануби ғарбии шаҳри Душанбе ва 46 километрии кули Сарез дар умқи 10 километрӣ ва ба бузургии 3 - 4 Рихтер ( дар маркази ларзиш ) будааст .
Дар минтақаи Мурғоби устони Бадахшони Тоҷикистони заминларза ба шиддати 2 рихтерӣ эҳсос шудааст .
Ҳеҷ итилоъӣ дар мавриди маҳсӯс бӯдани навасоноти ин зилзила дар шаҳри Душанбе вуҷӯд надорад .
Ин дар ҳолеаст ки шабакаи истгоҳҳои ларзанигории Вазорати шароити изтирории Қазоқистон дар мавриди сабти зилзилае ба бузургии 4.2 рихтер дар 686 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Алмаато дар қаламрави Тоҷикистон хабар додааст .
Бар асоси гузориши сайти volcanodiscovery.com дар Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 2 ҳазор зилзила рух додааст, ки 9 маврид аз онҳо бо бузургии 5 рихтер будааст .

 

Барчасп