Март 09, 2023 17:04 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши муаллимони марказҳои омӯзишии шаҳри Душанбе дар озмуни байналмиллалӣ

4 муаллими марказҳои омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе барандаи озмӯни байналмиллалӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муаллимони шаҳри Душанбе дар мусобиқоти байналмиллалӣ “ Беҳтарин мақолаи илмӣ - 2023 ” , ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, гувоҳинома ва нишон касб карданд.
Ин озмӯн дар байни кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои мустақил баргузор шуд ва аз ҳудуди 8000 ширкаткунанда ба 200 нафари бартар ҷоизаҳое эҳдо шуд .
Ҷамолиддини Сироҷзода-мудири мактаби рақами 2 барои донишомӯзони тезҳуши шаҳри Душанбе, Низомиддин Ҷумъаев, муаллими технологӣ ва иттилоот, Орзӯ Манофова,муаллими забону адабиёти рус ва Гулноз Наботова, муаллими кимиё рутбаҳои бартари мусобиқаи байналмилалиро касб карданд.

 

Барчасп