Март 14, 2023 22:11 Asia/Dushanbe
  • Бартарии пурголи духтарони навҷавони Эрон мубоқиби Тоҷикистон дар мусобиқоти КОФО
    Бартарии пурголи духтарони навҷавони Эрон мубоқиби Тоҷикистон дар мусобиқоти КОФО

Тими футболи навҷавонони духтари Эрон бо шикасти 7 бар сифри тими Тоҷикистон ба аввалин бурди худ дар мусобиқоти КОФО даст пайдо кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, тими футболи навҷавонони духтари Эрон дар дувумин дидори худ аз рақобатҳои футболи минтақаи Осиёи Марказӣ мавсум ба КОФО ба масофи Тоҷикистон рафт.

Милипушони духтари Эрон дар ин дидор бо 7 гол ҳарифи худро шикаст доданд Сумая Исмоилӣ дақиқаҳои 36, 78 ва 1+90, Марями Динӣ 67 ва 3+90 ва Моидаи Биранг дақиқаи 27 пинолти ва Шодон Шоҳмири дақиқаи 89 барои Эрон дар баробари Тоҷикистон галзани карданд.

Сумая Исмоили дар поёни ин дидор ба далели ба сабт расондани се гол ва намоиши қобили таваҷҷуҳ ба унвони беҳтарин бозикуни замин интихоб шуд.

Мусобиқоти КОФО бо ҳузури тимҳои зери 17 соли духтарони Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон рузҳои 19 то 26 исфандмоҳ ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳоли баргузори аст.

Милипушони Эрон, ки дар дидори нахуст муқобили Узбакистон шикаст хурда буданд бо убур аз шикасти тими Тоҷикистон умедҳои худашонро барои суъуд зинда нигаҳ доштанд ва бояд дар бози севум ва поёни рузи панҷшанбе 25 исфанд моҳ ру ба руи Қирғизистон боистанд ва ҳар тими пирузи он дидор шавад пас аз Узбакистон ба унвони тими дувум роҳи даври баъди мешавад.

Барномаи дидорҳои баъди ба ин шаҳр аст:

Панҷшанбе 25 исфанд:

  • Эрон-Қирғизистон соати 12
  • Тоҷикистон-Узбакистон соати 16:30

Барчасп