Июн 21, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Бо ин меваи тобистонӣ ба ҷанги корона биравед

Пизишкон барои муқобила бо вируси корона тавсия мекунанд, ки барои қавӣ нигоҳ доштани системи эминии бадан, меваҳои бештаре, ки дорои витамин "С" ҳастанд, масраф шаванд ва тарбуз яке аз ин меваҳо аст.

Ба гузориши Фародид, натиҷаҳои як таҳқиқ нишон медиҳад, ки хурдани тарбуз системи дифоии баданро тақвият мекунад ва боис мешавад то ба бемори коронаӣ кумак кунад.

Як мутахассиси тағзия гуфт:  Тарбуз як калид барои саломатӣ ва зебоӣ аст ҳамчунон, ки ба сӯзондани чарбӣ кумак ва боиси хушандомӣ мешавад ва системи эминии баданро ҳам дар рӯбарӯӣ бо вируси корона қавӣ мекунад.

Орлиш Бекмон, узви бунёди кишоварзӣ ва тағзияи Олмон гуфт: Аз онҷое, ки 90 дарсади тарбузро об ташкил медиҳад ҳар 100 грам тарбуз 38 калория дорад. Тарбуз ба далели доштани оби зиёд хосияти идроровар  дорад ва бино барин куллияҳоро тамиз мекунад ва бад-ин тартиб метаболизмро фаол карда ва ба сӯзондани чарбӣ кумак мекунад.

Тарбуз ҳамчунин дорои аминокислотаи “ситрулин” аст, ки ба сӯзондани чарбӣ кумак мекунад.

Тарбуз ҳамчунин ганҷинае аз витаминҳо ва маводди маъдании саршор аз витамин "С" аст, ки системи эминии баданро тақвият мекунад ва ба сифту сахт шудани бофти ҳамбанд  кумак мекунад ва ба пӯст тароват ва шодобӣ мебахшад. Тарбуз ҳамчунин шомили витамин "А", витамин В6 ва потасиюм аст.

Илова бар ин, тарбуз дорои “ликопен”-и антиоксидантҳои фаровон аст, ки монеае дар баробари пирии пӯст аст.

Пизишкон  барои муқобила бо вируси корона тавсия мекунанд, ки барои қавӣ нигоҳ доштани системи эминии бадан, меваҳои бештаре, ки дорои витамин "С" ҳастанд, масраф шаванд ва тарбуз яке аз ин меваҳо аст

 

 

Барчасп