Апрел 10, 2023 16:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҷавони фаластинӣ дар Наблус

Низомиёни ишғолгари исроилӣ дар юриш ба Наблус, як ҷавони фаластиниро боздошт карданд.

Дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарии руди Урдун, амалиёти зидди саҳюнистии фаластиниён дар тӯли моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст, ба гӯнае, ки сарони сиёсӣ ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятии ин режим ба нотавонии худ дар муқобила бо ин амалиётҳо изъон карда ва дар бораи густариши он ҳушдор медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеи маҳаллӣ бомдоди имрӯз (душанбе) аз ҳамлаи ишғолгарони саҳюнист ба Наблус ва рӯёрӯии мусаллаҳонаи муқовимат бо онон хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи юриши низомиёни саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Ал Айн воқеъ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун Абдурраҳмон Акубаҳ, ҷавони фаластиниро боздошт карданд.

 

Барчасп