Ҳузури ҳазорон фаластинӣ дар намози ҷумъаи Масҷидулақсо
(last modified Sat, 10 Jun 2023 04:17:39 GMT )
Июн 10, 2023 09:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳазорон фаластинӣ дар намози ҷумъаи Масҷидулақсо

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ дирӯз намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо барпо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, наздик ба 55 ҳазор фаластинии сокини Байтулмуқаддас ва арозии ишғолии 1948 ва Каронаи бохтарӣ ба манзури иқомаи намози ҷумъа худро ба Масҷидулақсо расонданд.
Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки низомиёни саҳюнист садҳо фаластинии сокини Каронаи бохтариро аз вуруд ба шаҳри Қудс ҷиҳати ба ҷо овардани намози ҷумъа манъ карданд.
Аз сӯи дигар ҳазорон фаластинӣ рӯзи ҷумъа ба манзури иқомаи намози субҳ роҳии масҷиди ҳазрати Иброҳим ( ъ ) дар шаҳри Алхалил шуданд .
Ин иқдом дар лаббайк ба нидои " Фаҷри азим " ва ба манзури муқобила бо тарҳҳои режими саҳюнистӣ дар заминаи ҳаросат аз ин масоҷид дар баробари таъаррузоти низомиён ва шаҳракнишинони яҳуд сурат гирифт.