Нефти арзони Русия ба Покистон расид
Июн 12, 2023 10:43 Asia/Dushanbe
Нахустин маҳмулаи нефти арзони Русия ба бандари Карочии Покистон расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дафтари нахуствазири Покистон эълом кард нефткаши русӣ ҳомили нефти хоми арзони ин кишвар дируз вориди бандари Карочи шуд ва тахлияи он аз имруз оғоз мешавад.
Шаҳбоз Шариф нахуствазири Покистон бо ибрози хурсанди аз амали шудани ҳамкории нефтии кишвараш бо Русия дар ҳисоби корбарии расмии худ дар твитер навишт, ки ваъдаи давлати вай ба мардуми Покистон барои таъмини нефти арзон ба ҳақиқат пайваст.
Барчасп