Тахриби як рӯстои фаластинӣ барои 220-умин мартаба
(last modified Wed, 16 Aug 2023 05:52:53 GMT )
Август 16, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Тахриби як рӯстои фаластинӣ барои 220-умин мартаба

Режими саҳюнистӣ барои 220-минбор як рӯстои фаластиниро тахриб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, булдозерҳои режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе бори дигар иқдом ба тахриби манозили фаластиниёни рӯстои «Ал Арақиб» дар сарзаминҳои ишғолии соли 1948 карданд.

Саҳюнистҳо барои аввалин бор 27 июли 2010 хонаҳои ин рӯсторо тахриб карданд.

Мардуми ин рӯсто ҳарбор баъд аз тахриб, хонаҳои худро бо чӯбу пӯшиши пластикӣ, бозсозӣ мекунанд то бо тарҳи саҳюнистҳо барои берун карданашон аз хоки худу муҳоҷирати иҷборӣ муқобила кунанд.

Дар ин рӯсто, 22 хонавор зиндагӣ мекунанду теъдоди куллӣ афроди он 86 нафар аст, ки кори онҳо кишоварзӣ ва домпарварӣ аст.