Октябр 31, 2023 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдорҳо дар бораи ҳамлаҳои барқасдонаи саҳюнистҳо ба бемористонҳои Ғазза

Мудири ду бемористони хориҷӣ дар навори Ғазза зимни интиқод аз ҳамалоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба марокизи дармонии ин минтақа, дар бораи вазъияти фоҷиабори инсонӣ ҳушдор доданд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ наздики бемористони Аврупо дар ҷануби навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

 Вазорати беҳдошти Фаластин душанбешаб хабар дод, бемористони махсуси беморони саратонӣ дар Ғазза барои дувумин бор тайи чанд рӯз гузашта ҳадаф қарор гирифтааст.

Image Caption
Image Caption

 Ба гузориши шабакаи Алҷазира, мудири бемористони дӯстии Туркия дар Ғазза душанбешаб гуфт: Ҳадаф қарор додани ин бемористон мустақиман тавассути Исроил анҷом шуд ва зимни хисороти моддӣ, ҷарроҳоти инсонӣ ҳам дар пай дошт.

 Мудири бемористони Индонезия дар Ғазза низ изҳор дошт:Манотиқи атроф ва наздики бемористон имрӯз се бор бомбаборон шуд; Ин бемористон бо ду баробар зарфияти худ пур шуда ва ҳамчунон ҳазорон овораро паноҳ медиҳад.

 Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, 3 бемористон дар навори Ғазза комилан таътил шуда ва дигар қодир ба ироаи хадамоти пизишки нестанд. 25 бемористони дигар низ дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза хисорат дидаанд.

Бемористони Аламаъмадонӣ дар навори Ғазза, ки ба тозагӣ тавассути артиши режими саҳюнистӣ бомбаборон шуда ва садҳо шаҳид ва захмӣ барҷой гузошта, танҳо намунае аз ҳамалоти ин режем алайҳи марокизи ғайринизомӣ махсусан марокизи дармонӣ ва бемористонҳо ба шумор меравад.

 

 

 

 

 

Барчасп