Октябр 31, 2023 20:53 Asia/Dushanbe
  • Муборизони фаластинӣ як худрави низомӣ ва як булдозери неруи заминии режими саҳюнистиро мунҳадим карданд
    Муборизони фаластинӣ як худрави низомӣ ва як булдозери неруи заминии режими саҳюнистиро мунҳадим карданд

Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ғофилгириҳои зиёде барои душман дорем ва гурдонҳои Қассом дар омодагии комил қарор дорад.

Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷумбиши Ҳамос рӯзи сешанбе гуфт, низомиёни саҳюнист тонкҳои худро вориди манотиқе кард, ки ҳеҷ чизе дар он вуҷуд надорад. Ин режим таҳаррукоти заминии худро оғоз карда ва ба таври амалӣ як амалиёти заминӣ оғоз шудааст, аммо режими саҳюнистӣ ба далели бархе мулоҳизоти вижа намехоҳад онро ошкор кунад.

Ҳозим Қосим афзуд, режими саҳюнистӣ дар бархе меҳварҳову манотиқи зироӣ ва манотиқе, ки қабл аз бомбаборон маскунӣ буд, ворид шудааст. Ин режим вориди манотиқи камаҳамияту бомбабороншуда мешавад ва ҳеҷ дастоварди низомӣ дар онҳо надорад.

Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Алқассом, шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос имрӯз тасовире аз набарди худ бо низомиёни артиши режими саҳюнистиро, ки ба ғарби минтақаи Ирз дар рӯзи якшанбе юриш бурда буданд, мунташир кард.

Гурдонҳои Алқассом баъд аз зуҳри имрӯз як тонки режими саҳюнистиро, ки ба шарқи маҳаллаи Аззайтуни Ғазза юриш бурда буд, бо ракети “Ал-Ёсин 105” ҳадаф қарор дода ва мунҳадим карданд.

Ин муборизон ҳамчунин бо эҷоди камин бар сари роҳи ягоне аз низомиёни режими саҳюнистӣ дар минтақаи Байти Ҳонун, онҳоро ҳадаф қарор дода ва чанд нафарро куштаву захмӣ карданд ва як худрави низомӣ ва як булдозерро мунҳадим карданд.

 

Барчасп