Ноябр 05, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Фикри бомбаборони атомии Ғазза, нишонгари терроризми бесобиқаи Исроил аст

Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) суханони вазири кабинаи Исроил мабнӣ бар бомбаборони атомии Ғаззаро нишонгари терроризми бесобиқаи режими саҳюнистӣ донист.

Амихай Элияху, вазири мироси режими саҳюнистии узви ҳизби «қудрати яҳудият» мутааллиқ ба Итамар Бен Гауэр, ба унвони дуюмин мақоми кабинаи хостори бомбаборони Ғазза бо бомби атом шуда буд. Ҳозм Қосим, сухангӯии Ҳамос рӯзи якшанбе дар вокуниш ба суханони вазири режими саҳюнистӣ гуфт, изҳороти ин вазири кабинаи ишғолгар, мунъакискунандаи терроризми бесобиқае аст, ки ин режиму атрофиёнаш, алайҳи миллати Фаластин эъмол мекунанд ва ин терроризм хатаре барои кулли минтақа ва ҷаҳон аст.

Бинямин Натаняҳу, нахуствазири кабинаи ишғолгар ба ин дархост вокуниш нишон дода ва бо баёни инки «суҳбати вазири Амихай Элияху комилан бо воқеият бегонааст» иддао кард: «артиши Исроил тибқи болотарин стандартҳои қонӯни байналмилал амал мекунад».

Суҳбатҳо аз бомбаборони атомии Навори Ғазза дар Тел Авив дар ҳоле афзоиш ёфта, ки бар асоси гузоришҳои хабарӣ, маҷмӯи бомбҳое, ки режими ишғолгар тайи чаҳор ҳафта алайҳи Ғазза истифода карда, ба андозаи қудрати ду бомби атомӣ аст, ки Амрико дар Ҷанги ҷаҳонии дувум рӯи шаҳрҳои Ҷопон рехта буд.

 

Барчасп