Ноябр 07, 2023 21:07 Asia/Dushanbe
  • 4 ҳазору 237 кӯдак дар таҷовузи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд
    4 ҳазору 237 кӯдак дар таҷовузи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд

Вазорати беҳдошти Фаластин аз афзоиши шумори шуҳадои Ғазза ба 10 ҳазору 328 нафар хабар дод.

Ба гузориши “Алмаёдин”, Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи сешанбе дар иттилоияе эълом кард, аз ҳафтуми октябр то кунун 10 ҳазору 328 фаластинӣ, аз ҷумла 4 ҳазору 237 кӯдак дар таҷовузи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Бар асоси ин иттилоия, низоми беҳдоштиву дармонии Ғазза ба сурати комил аз хидматрасонӣ ба маҷрӯҳон нотавон шудааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин аз Созмони Милал ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх хост, аз таъсисоти беҳдоштиву дармонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар Ғазза муҳофизат ва гузаргоҳҳои амни инсонӣ барои тазмини ирсоли кумакҳои пизишкиву сӯхт ва хуруҷи маҷруҳон эҷод кунанд.

 

Барчасп