Таҳлил/ Ҳимояти Ғарб аз режими саҳюнистӣ: Омили яҳудиситезӣ дар ҷаҳон +назари коршиносӣ
(last modified 2023-11-14T13:30:22+00:00 )
Ноябр 14, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил/ Ҳимояти Ғарб аз режими саҳюнистӣ: Омили яҳудиситезӣ дар ҷаҳон +назари коршиносӣ

Ташдиди ҷиноёти Исроил алайҳи фаластиниёну ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ аз наслкушии режими саҳюнистӣ сабаби афзоиши яҳудиситезӣ дар ҷаҳон шудааст ба тавре, ки Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар номае афзоиши иқдомоти яҳудиситезона дар ин кишварро маҳкӯм ва аз рушди ғайриқобили таҳаммули яҳудиситезии лаҷом гусехта, интиқод кард.

Густариши яҳудиситезӣ дар ҷаҳон сабаб шуда то Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аланан эълом кунад: Мо намехоҳем ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мо интиқод кунад. Балки хостор ҳимоят ҳастем.

Агарчӣ мақомоти кишварҳои аврупоӣ аз ҳамон ибтидо зимни ҳимоят аз Исроил, сиёсати саркӯбу куштори режими саҳюнистӣ дар қиболи фаластиниёнро ҳаққи Исроил дониста ва дар ростои ҳимоят аз Тел Авив, ба таҳдиду муҷозоти ҳомиён Фаластин пардохтанд, аммо воқеият рух дода ва куштори фаластиниён дар ҷанги Ғазза сабаб шуд то амалан бисёре аз мардуми Аврупо ва Амрико сиёсатҳои Исроил алайҳи фаластиниёнро маҳкӯм карда ва тазоҳуроти густардаеро барои дифо аз ҳуқуқи фаластиниён баргузор кунанд.

Идомаи мавозеъи тунди мақомоти Аврупо алайҳи фаластиниёну иттихози мавозеъи дугона бар хилофи ҳамаи шиорҳои озодихоҳонаи ҷавомеи ғарбӣ алайҳи ҳомиёни Фаластин сабаб шуда то амалан табъизи нажодӣ ва динӣ дар ҷаҳон густариш ёбад. Ба тавре, ки бар асоси омори мунташир шуда, беш аз ҳазору 100 иқдоми зидияҳудӣ аз 7 октябр дар хоки Фаронса сабт шудааст, ки ин рақам ба гуфтаи Макрон нишонгари се баробар шудани эъмоли нафрат алайҳи яҳудёни сокини Фаронса тайи чанд ҳафтаи гузашта нисбат ба кулли соли гузаштааст.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон низ эълом кард, ки ӯ аз мавҷи ахири ҳаводиси яҳудиситезона дар кишвараш «шарманда ва хашмгин»аст ва ҳушдор дод, ки давлати ӯ чунин нафратеро алайҳи яҳудён таҳаммул нахоҳад кард.

Дар воқеъ кишварҳои ғарбӣ тайи ҳафтаҳои ахир бо сиёсатҳо ва ҳимоятҳои худ аз Исроил ба мардуми ҷаҳон нишон доданд, ки пойбанди шиорҳои худ дар мавзӯи озодӣ нестанд, чуноне, ки ҳатто нависандагону хабарнигороне, ки аз Фаластин дифо кардаандро ба ҳошия рондаанд. Ин сиёсат, хашми умумиро дар ҷомеъаи ғарбӣ боло бурдааст. Тибқи қавонини аксари кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Фаронса, ҳечкас ҳақ надорад ба хотири ранги пӯст, нажод, мазҳаб, сину сол ва маълулият, афродро аз ҳуқуқи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ маҳрӯм кунад. Аммо воқеияти кунӯнии кишварҳои ғарбӣ нишон медиҳад, ки ин қавонин бештар рӯйи коғаз мондааст ва акнӯн низ оморҳо нишондиҳандаи афзоиши хушунатҳои нажодӣ ва динӣ на танҳо дар Фаронса, балки дар кулли Аврупо аст. Кристофер Рэй, раиси ФБР дар ин замина ҳушдор дод: яҳудиситезӣ ба сатҳи таърихӣ расидааст.

Дар ҳоле, ки кишварҳои аврупоӣ талош мекунанд ҳамчунон аз сиёсатҳои куштори Исроил ба номи ҷанг бо терроризм дифо кунанд, ба назар мерасад, афкори умумии ҷаҳон на танҳо дар пазириши ин мавзӯ нест, балки акнӯн бо афзоиши хашми умумӣ бар хилофи ҳамаи шиорҳо ва ормонҳои озодихоҳона ва башардӯстона, шикоф миёни адён ва нажодҳо афзоиш ёфтааст, мавзӯе, ки бо ташдиди он амалан амнияти умумӣ мухтал ва ту холӣ будани шиорҳои ҷавомеъи ғарбӣ беш аз пеш ошкор хоҳад шуд. Мигел Моратинос, намояндаи олии Иттиҳоди тамаддунҳои Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш нисбат ба беҳурмати динӣ, кутуби муқаддас, ибодатгоҳҳо ва ҳамчунин намодҳои мазҳабӣ ҳушдор дод ва гуфт, ин иқдомот метавонад мунҷар ба афзоиши хушунатҳои динӣ шавад.

Баназар мерасад, сиёсатҳои нодурусти кишварҳои ғарбӣ акнӯн мушкилотро ташдид карда ва хашми ношӣ аз он ба ҷавомеъ бозгаштааст.

 

Барчасп