Вурӯди 100 мошини сангини кумакҳои башардӯстона/ Бозгашти аввалин асири Ғазза ба хона
(last modified 2023-11-27T06:09:41+00:00 )
Ноябр 27, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Вурӯди 100 мошини сангини кумакҳои башардӯстона/ Бозгашти аввалин асири Ғазза ба хона
    Вурӯди 100 мошини сангини кумакҳои башардӯстона/ Бозгашти аввалин асири Ғазза ба хона

Ҳилолм Аҳмари Фаластин эълом кард, рӯзи гузашта (якшанбе) 100 мошини сангин кумакҳо башардӯстона вориди Ғазза ва Шимолӣ он шудааст.

Ба гузориши рӯзи душанбеи Марокизи иттилоърасонии Фаластин, Ҳилоли Аҳмари Фалстин эълом кард, ки рӯзи якшанбе 100 мошини сангини кумакҳои башардӯстона шомили маводи ғизоӣ, об, шири кудакон ва либос вориди Ғазза ва шимоли он шудааст.

Image Caption

Ҳамзамон, як асири сокини Ғазза дар чорчӯби мубодилаи усарои байни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ озод шуд. Аълоа абу Санима, кӯдаки фаластиние. ки шаби гузашта озод шуд, асири сокини Ғазза аст, ки дар чорчӯби мубодилаи усаро байни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ озод мешавад.

Хабарнигори Алҷазир таъкид кард, нерӯи Салиби Сурх ин кӯдаки фаластиниро дар навори Ғазза таҳвили хонаводааш доданд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ эълом кард, дар ҳамлаи низомиёни ишғолгари исроилӣ ба таҷамӯъи фаластииниён муқобили зиндрони Уфар дар ғарбӣ Ромуллоҳ барои истиқбол аз усарои озода, 21 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар баёнияе эълом кард, талош мекунад то оташбаси мувақат дар Ғаззаро тамдид кунад.

Пеш аз ин, шабакаи телевизиони режими саҳюнистӣ эълом карда буд, артиши ин режими саввумин гурӯҳе аз асирони назди Ҳамосро таҳвил гирифтааст.

Аз сӯйи дигар расонаҳои фаластинӣ эълом карданд, дар суқобили озоди  гурӯҳи саввуми асирони саҳюнистӣ, 39 кӯдаки фаластиниро аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ озод мешаванд.

Барчасп