Ҳамос: Ишғолгарони саҳюнист борҳо оташбасро поймол кардаанд
Яке аз сарони Ҳамос бо ишора ба сустии режими саҳюнистӣ дар тан додан ба тамдиди оташбас барои як рӯзи дигар, аз поймолсозии ин оташбас аз сӯи ишғолгарони Қудс хабар дод.
Ба гузориши Фаластин алявм,Босим Наим,аз сарони ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт: Фишори зиёде ба душмани исроилӣ барои тан додан ба оташбас вуҷуд дорад ва ишғолгарони саҳюнист барои қабули оташбас ба муддати як рӯзи дигар бисёр тааллул карданд.
Босим Наим таъкид кард: Ҳамос омодаи озодии ғайринизомиёни исроилӣ мутобиқи тавофуқи фарогир ва оташбас тӯлонимуддаттар аст.
Ин узви Ҳамос гуфт: Ба мӯҷиби тамдиди ҷадиди оташбас ҷасади се исроилие, ки дар ҳамалот ба Ғазза ба ҳалокат расиданд, супурда хоҳад шуд.
Наим бори дигар ба ишғолгарон аз тариқи миёнҷигарон дар бораи шикасти оташбас ба иллати ин мавориди нақзи он, ҳушдор дод.
Босим Наим афзуд: Шаҳракнишинеро, ки дар Каронаи бохтарӣ силоҳ ҳамл мекунад, наметавон ғайринизомӣ донист.
Субҳи имрӯз манобеъи режими саҳюнистӣ ва Ҳамос аз тамдиди оташбас ба муддати як рӯзи дигар хабар доданд.