Декабр 19, 2023 12:49 Asia/Dushanbe
  • Ҷиҳоди исломии Фаластин: Вазири дифоъи Амрико бар пуштибонии кишвараш аз куштори миллати Фаластин таъкид кард

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин эълом кард, суханони вазири дифоъb Амрико дар Тел-Авив, таъкиде бар ҳимоят аз куштори миллати Фаластин буд.

Амрико аз кишварҳое аст, ки тайи солҳои гузашта ҳамвора аз ҷиноёти саҳюнистҳо ҳимоят карда ва режими саҳюнистӣ ба воситаи ҳамин ҳимоятҳои Ғарб ва Амрико ба ҷиноёти ваҳшиёнаи худ тайи ин солҳо идома додааст, то инки идомаи ин ҷиноёт мӯҷиб шуд, то нируҳои Муқовимат бо анҷоми амалиёти муқтадиронаи «Туфон-ул-Ақсо» посухи қотеъ ва шикасти сангин ва албатта ғайриқобили тармимро ба саҳюнистҳо таҳмил кунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин рӯзи сешанбе дар баёнияе афзуд, суханони Ллойд Остин -вазири дифоъи Амрико аз рӯйи ҷасадҳои 20 ҳазор шаҳид ва даҳҳо ҳазор захмӣ ва дар сояи бомбаборони барқасдонаи бемористонҳо, мадорис, марокизи беҳдоштӣ, нируҳои имдодрсонӣ ва таъҷилӣ, фаъолони расона, биноҳои маскунӣ ва чодарҳои оворагон, ҳимоят ва пуштибонии вақеҳонаи Амрико аз режими саҳюнистӣ барои тадовуми ҷиноятҳои ваҳшиёна дар ҳаққи миллати Фаластин аст.

 Дар ин баёния омадааст, тардиди Остин дар бораи иддаоҳои Вашингтон дар бораи инки иқдомоти режим саҳюнистӣ, дифоъ аз худ аст, нишон медиҳад ин Амрико аст, ки ишғолгарон ва мошини ҷангии онҳоро мудирият мекунад ва дурӯғ будани ҳамаи иқдомоти сиёсии мавриди иддаои Амрикоро ба исбот мерасонад.

 Вазири дифоъи Амрико бомдоди сешанбе муддаӣ шуд, як эътилофи чандмиллиятӣ барои муқобила бо амалиёти артиши Яман дар баҳри Сурх ташкил шудааст.

 Неруи баҳрӣ ва Ансоруллоҳи Яман то кунун чандин бор эълом кардаанд, агар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза поён наёбад ва муҳосираи ин минтақа аз сӯи ин режим лағв нашуд, киштиҳои режими саҳюнистӣ ва ё киштиҳое, ки барои ин режим коло дар баҳри  Сурх ҳамл мекунанд ҳадаф қарор хоҳанд гирифт, ки ба ваъдаи худ амал кардаанд.

 

 

Барчасп