Декабр 21, 2023 20:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос шартҳои тавофуқи табодули асиронро эълом кард

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Ғазза шароити наверо барои озодии асирони режими саҳюнистӣ эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Яҳё Синвор-раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар Ғазза имрӯз панҷшанбе ба миёнҷигарони байналмиллалӣ тасреҳ кард, тавофуқ барои озодии асирони исроилӣ танҳо бар асоси роҳкори “ҳама дар баробари ҳама” пас аз барқарории оташбаси комил дар Ғазза имконпазир аст.

 Шабакаи телевизионии «Мокон 33»-и Исроил ба нақл аз манобеъи мисрӣ гузориш кард, Синвор ба миёнҷигарони байналмиллалӣ таъкид кардааст, агар Исроил асирони худро «зинда мехоҳад», табодули асирон танҳо пас аз «оташбаси комил» ва бар асоси тарҳ «ҳама дар баробари ҳама» имконпазир аст.

 

Барчасп