Рушди 10 дарсад мубодилоти тиҷорӣ дар вилояти Суғд
(last modified Sat, 30 Dec 2023 09:41:59 GMT )
Декабр 30, 2023 14:41 Asia/Dushanbe
  • Рушди 10 дарсад мубодилоти тиҷорӣ дар вилояти Суғд

Аз ибтидои сол то кунун ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷории вилояти Суғд 15.8 миллиард сомонӣ буд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 10 дарсад рушд доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳаҷми тиҷорати хориҷии вилоят ҳам ба 27.4 миллиард сомонӣ расид, ки шомили воридоти 20 миллиард сомонӣ ё 73.5 дарсад аз кулли ҳаҷм мешавад.

 Илова бар ин содирот аз минтақа низ беш аз 7.2 миллиард сомонӣ ё 26.5 дарсад будааст.

 Аз январ то ноябри 2023 содироти санги маъдан ва консентра беш аз 3.4 миллиард сомонӣ буд.

 Ҳамчунин 772 миллиард сомонӣ нахи пахта ва 165.5 семент аз вилояти Суғд содир шудааст.

 Саҳми ин маҳсулот дар сохтори содиротӣ нисбат ба муддати мушобеҳи сол қабл ба тартиб 18.4 ва 3.1 дарсад коҳиш доштааст.

 Тайи 11 моҳи имсол 3.8 ҳазор тон нах ба арзиши 105 миллион сомонӣ ва тақрибан 1.5 ҳазор тон пӯшок ба арзиши 247.7 миллион сомонӣ аз вилояти Суғд ба бозорҳои хориҷӣ содир шудааст.

 Ин афзоиш нисбат ба соли гузашта ба тартиб 85.4 миллион сомонӣ ва 22 миллион сомонӣ будааст.