Сармураббии тими миллии футболи Аморот: Эрон яке аз беҳтарин тимҳои Осиё аст
(last modified 2024-01-23T05:56:30+00:00 )
Январ 23, 2024 10:56 Asia/Dushanbe
  • Сармураббии тими миллии футболи Аморот: Эрон яке аз беҳтарин тимҳои Осиё аст

Сармураббии тими миллии футболи Аморот дар бораи вазъияти тими Эрон дар Ҷоми миллатҳои Осиё гуфт: Эрон яке аз қудратмандтарин тимҳои Осиё ба ҳисоб меояд.

Тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз сешанбе , дар севумин бозии худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 ба масофи Аморот хоҳад рафт.

 Тими миллии Эрон 2 бозии пешини худро бо пирӯзӣ пушти сар гузоштааст.

 Ин тим баробари Фаластин бо натиҷаи чаҳор бар як ва муқобили Гонконг бо натиҷаи як бар сифр ба пирӯзӣ расид. Аморот низ Гонконгро шикаст дод ва баробари Фаластин мутаваққиф шуд.

Паоло Бинто-сармураббии тими миллии футболи Аморот гуфт: Мо тими Эронро хуб мешиносем, зеро дар солҳои ахир 2 бозии расмӣ ва як бозии дӯстона бо ин тим доштем; бозикунони Эрон бо таҷриба ҳастанд ва сатҳи фаннии хубе доранд.

 Бинто бо ишора ба ин, ки бозикунони эронӣ замони зиёде аст, ки бо ҳам бозӣ мекунанд ва тағйироти зиёде ҳам надоштаанд, афзуд: Ин тим чанд бозикун дорад, ки ҳар кадом қудрати тимро боло мебаранд.

 Сармураббии тими миллии футболи Аморот унвон кард: Дар воқеъ Эрон ҳарифи соддае нест ва бояд бо ҳуши зиёде бозӣ кунем; барои касби натиҷа бояд бозиро контрол кунем ва мисли бозиҳои қабл набошем.

 Абдуллоҳ Рамазон-бозикуни тими миллии футболи Аморот ҳам дар нишасти хабарии ин бозӣ гуфт: Эрон тими қудратманде аст ва шанси қаҳрамонӣ дар Ҷоми миллатҳои Осиёро дорад ва қатъан бозии сахте пеши рӯ дорем.

 Рамазон таъкид кард: Бо тамоми қудрат барои бозӣ хоҳем рафт ва ҳама тавони худро мегузорем, то натиҷа бигирем ва умедворам битавонем ба унвони тими дувум роҳии марҳилаи баъд бишавем.

 

Барчасп