Пирӯзии Урдун муқобили Тоҷикистон бо гол ба худии Ҳаннонов
(last modified Sat, 03 Feb 2024 05:55:02 GMT )
Феврал 03, 2024 10:55 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Урдун муқобили Тоҷикистон бо гол ба худии Ҳаннонов

Тими миллии футболи Урдун бо шикасти Тоҷикистон ба унвони аввалин тим ба ҷамъи чаҳор тим поёнии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 роҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Урдун аз дирӯз дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 ба масофи ҳам рафтанд, ки дар поён бо натиҷаи як бар сифр пирӯз шуданд.

 Голи ин дидорро Ваҳдат Ҳаннонов-мудофеъи Тоҷикистон дар дақиқа 66 ба иштибоҳ вориди дарвозаи худӣ кард, то тоҷикҳои дӯстдоштанӣ фурсати ҳузур дар марҳилаи ниманиҳоиро аз даст бидиҳанд.

 

 Ба ин тартиб тими миллии футболи Урдун, ки дар яке аз душвортарин гурӯҳҳои Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 бо Кореяи ҷанубӣ ва Баҳрайн ҳамгурӯҳ буд, бо убур аз садди Ироқ дар марҳалаи ҳаштякниҳоӣ ва бартарӣ муқобили Тоҷикистон барои нахустин бор фурсати ҳузур дар ниманиҳоии ҷомро ба даст овард.

 Урдун дар рӯзи сешанбе 17 баҳманмоҳи соли ҷорӣ ба масофи барандаи Кореяи ҷанубӣ хоҳад рафт. Бозии ёдшуда ҳам дар варзишгоҳи Аҳмад ибни Алӣ баргузор хоҳад шуд.