Табрики гуруҳҳои фаластинӣ ба Эрон пас аз ҳамлаи мушакиву паҳподӣ ба Исроил
Апрел 14, 2024 17:09 Asia/Dushanbe
Кумитаҳои муқовимат ва ҷунбиши муҷоҳидони Фаластин ҳамлаи мушакиву паҳподии муқтадиронаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба ҳамлаи режими наслкуши Исроил ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқро табрик гуфтанд.
Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исна), Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе эълом кард, посухи Эрон ба ҷинояти саҳюнистҳо дар Димишқ нишон аз воқеияти ҷадиду лаҳазоти таърихии бошукӯҳе аст, ки набарди “Тӯфони Алақсо” сарманшаи он буд.
Ҷунбиши муҷоҳидони Фаластин низ бо судури баёнияе эълом кард, амалиёти “Тӯфони Алақсо” нуқтаи атфе дар таърихи уммати исломӣ ва фурсате барои раҳоии миллатҳои исломӣ аз султаи саҳюнистӣ – амрикоӣ аст.